Ноябр 14, 2018 09:41 Asia/Dushanbe
  • Cукути суолбарангези мақомоти Тоҷикистон дар бораи шӯриши зиндони Хуҷанд

Бо гузашти 7 рӯз аз ҳодисаи шӯриш дар зиндони шумораи 3 –и шаҳри Хуҷанд, ки шуморе кушта ва захмӣ бар ҷой гузоштааст, сукути мақомоти расмии Тоҷикистон ва расонаҳои хабарии давлатӣ муҷиби тааҷҷуби маҳофили коршиносӣ дар минтақа шудааст.

Ба гузориши “ТОП Тҷ”, Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки мақомот намехоҳанд барои гурӯҳи террористии ДИИШ, ки масъулияти ин ҳодисаро пазируфтааст, таблиғ шавад.

Вай далели сукути тӯлонии мақомоти қазоии Тоҷикистон дар ин мавридро ниёз ба замони бештар барои таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса унвон кардааст.

Аммо Неъматуллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик муътақид аст, ки сукути мақомоти расмӣ дар бораи ин ҳодиса шакку тардидҳоро дар бораи воқеияти ин моҷарои хунин афзоиш медиҳад, ки ин ба нафъи Тоҷикистон нест.

Абдулмалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон низ мегӯяд, ки ҳеҷ мақоми қазоӣ дар ин кишвар ҳозир нест масъулияти ифшои ҷузъиёти ин моҷарои хунинро бар ӯҳда бигирад, зеро агар ин шӯриш вокуниши зиндониён ба бадрафтории маъмурони зиндон бошад, иттиҳомотро мутаваҷҷеҳи худи мақомоти тоҷик мекунад.

Қодиров афзуд, дар сурате, ки ин иқдом кори гурӯҳи террористии ДИИШ ҳам бошад, нишон медиҳад, ки талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бо ин созмони террористӣ муваффақ набудааст.

Манобеи мустақили хабарӣ теъдоди зиндониёни кушташуда дар ҳодисаи саркӯби шӯриши зиндони шумораи 3 –и шаҳри Хуҷанд, дар шаби 7 –уми ноябрро беш аз 50 тан ва захмиҳоро беш аз 100 нафар унвон кардаанд.