Ноябр 14, 2018 10:33 Asia/Dushanbe

Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон дар риштаи куштии фарангӣ (самбо), дар бозгашт ба ватан бо истиқболи бошукӯҳи ҳаводоронаш рӯбарӯ шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, бомдоди имрӯз, чаҳоршанбе садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар аз ҳамватани қаҳрамони худ истиқбол карданд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигор ва фаъоли мадании тоҷик, ки видеои ин маросимро дар шабакаи Фейсбук мунташир кардааст, гуфт, бо вуҷуди дервақт будан, ҳазору панҷсад нафар дар Фурудгоҳи Душанбе ҷамъ омада ва муштоқона пазирои қаҳрамони ҷаҳон буданд.

Хушқадам Хусравов, узви тими миллии Тоҷикистон рӯзи 11 –уми ноябр дар Ҷоми ҷаҳонии куштии фарангӣ дар шаҳри Бухарести Венгрия, бо пирӯзӣ бар Руслан Богдосаров аз Русия унвони қаҳрамонии ҷаҳонро касб кард.

Пеш аз ӯ Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода медалҳои тилои ҷаҳониро дар риштаи куштии фарангӣ барои мардуми Тоҷикистон ба армуғон оварда буданд.