Роҳи муқобила бо тарҳҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Тоҷикистон
Коршиноси сиёсии рус муътақид аст, ки ниҳоди амнияти миллии Тоҷикистон барои муқобила бо тарҳҳои гурӯҳҳои террористӣ алайҳи ин кишвар бояд кори иттилоотӣ дар вилояти Бадахшон ва минтақаи марзии Кӯлобро тақвият кунад.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Евгений Кротиков мегӯяд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои хунсосозии тарҳҳои гурӯҳҳои террористие назири ДИИШ бояд афроди нуфузи худро дар ин созмонҳо фаъол кунад.
Ин коршиноси рус афзуд, ин равиш яке аз роҳкорҳои муассир барои муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва заминаи андешидани тадбирҳои пешдастонаро барои хунсосозии амалиёти ин созмонҳо фароҳам мекунад.
Кротиков бар ин бовар аст, ки дар Афғонистон гурӯҳҳои террористии зиёде, аз ҷумла ДИИШ вуҷуд доранд, ки мухолифи сарсахти ворид шудани Русия ба раванди музокироти давлати Кобул бо Толибон ҳастанд, аз ин рӯ талош мекунанд, ки ба манофеи Русия дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон зарба бизананд.