Ноябр 14, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
  • Турбинаи нахусти нерӯгоҳи “Роғун” омодаи роҳандозӣ шуд

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз озмоиши муваффақиятомези нахустин турбинаи нерӯгоҳи “Роғун” ва омодагии он барои баҳрабардорӣ дар рӯзи ҷумъаи 16 –уми ноябр хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, бо озмоиши муваффақиятомези нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун”, заминаи иттисоли ин нерӯгоҳ ба шабакаи воҳиди барқи ин кишвар дар рӯзи 16 –уми ноябр фароҳам шудааст.

Маросими баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” бо ҳузури мақомоти Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсоя, намояндагони ширкатҳо ва созмонҳои тарафи созишномаи хати “КАСА – 1000” шонздаҳуми ноябр баргузор мешавад.

Ин маросимро беш аз 100 хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ пӯшиш хоҳанд дод.

Нерӯгоҳи “Роғун” нуҳумин нерӯгоҳи обии Тоҷикистон аст, ки бар рӯйи рӯдхонаи Вахш сохта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 кори такмили сохти ин неругоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. P. A” вогузор кард ва ин ширкат низ мутааҳҳид шуд, ки рӯзи 16 –уми ноябри соли  2018 турбинаи нахусти ин нерӯгоҳро ба баҳрабардорӣ бирасонад.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ - обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.