Сухтори даҳум дар бозори Корвон-и Душанбе
Ноябр 14, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
Мағозадорони бозори Корвон дар шаҳри Душанбе имрӯз бори дигар шоҳиди сухтор дар ин бозор буданд.
Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ба гуфтаи шоҳидони ин ҳодиса дар паи сухтор дар хонае дар ҳамсоягии бозори Корвон руй дод, ки ба ҷои анбор аз он истифода мешуд.
Ин хона девор ба девори бозори Корвон қарор доштааст.
Корвон бузургтарин бозори шаҳри Душанбе аст ва соҳибкорон ва сӯхторнишонҳо талош доранд, ки аз оташ гирифтани дигар қисматҳои бозор пешгирӣ кунанд.
Дар 16 соли фаолияти Корвон ин даҳумин бор аст, ки дар ин бозор сухтор мешавад.