Ноябр 14, 2018 15:32 Asia/Dushanbe
  • Дидабони Ҳуқуқи Башар: Тоҷикистон дар бораи ошӯби зиндони Хуҷанд шаффофсозӣ кунад

Созмони байналмилалии Дидабони Ҳуқуқи Башар аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар бораи ошӯби зиндони Хуҷанд таҳқиқоти шаффофро дар дастури кор қарор диҳанд.

Стив Свердлов, намояндаи созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Марказӣ гуфтааст: Имрӯз беш аз гузашта суолоте дар бораи ҳодисаи даҳшатноки шаби ҳафтуми ноябр дар зиндони шумораи 3- и шаҳри Хуҷанд ба вуҷуд омада ва ҳамин ки шумори кушташудагони ин ҳодиса ба 50 нафар наздик шудааст, ин тасаввурро эҷод мекунад, ки дар зиндон саркӯби хунин ё куштори дастаҷамъӣ сурат гирифтааст.

Намояндаи ин созмони ҷаҳонӣ таъкид кардааст, пахши хабарҳо дар бораи мушорикати ДИИШ дар ошӯби Хуҷанд пас аз ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони хориҷӣ дар Данғара баррасии фаврии ҳодисаи зиндонро аз сӯйи коршиносони байналмилалӣ зурурат мебахшад.

Ошӯб дар зиндони шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон ва саркӯби он ба дасти нерӯҳои амниятии ин кишвар шаби 7 -уми ноябр рух дод.

Бар асоси эъломи манобеи мухталифи хабарӣ, дар ин ҳодиса ҳудуди 50 тан кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.