Ноябр 15, 2018 10:19 Asia/Dushanbe
  • Қатъи интернет дар Хоруғ ва чанд ноҳияи вилояти Бадахшон

Иртиботи интернетӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнон қатъ шуда ва ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ низ дар ин маврид тавзеҳ намедиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, сокинони ин манотиқ гуфтаанд, ки дигар наметавонанд бо бастагони хеш дар хориҷ аз вилояти Бадахшон аз тариқи паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамос бигиранд.

Онон мегӯянд, ки пас аз баргузории таҷаммӯи эътирозии сокинони шаҳри Хоруғ дар рӯзи 7 ноябр ба иқдоми генерал Хуршед Муҳаммадзода, фармондеҳи нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки се сокини маркази вилояти Бадахшонро захмӣ карда буд, суръати интернет коҳиш ёфта ва чанд рӯзе аст, ки ба таври комил қатъ шудааст.

Бо ин ҳол, ширкати фароҳамгари хадамоти интернетии Tcell, ки масъулияти таъмини иртиботи интернетӣ дар вилояти Бадахшонро бар ӯҳда дорад, ба тозагӣ дар шабакаи Фейсбук ба дархости сокинони ин минтақа барои тавзеҳ додан дар бораи далели қатъи интернет навиштааст: “Интернет дар вилояти Бадахшон ба далоиле, ки ба мо вобаста нест, қатъ гардида ва аз ин бобат аз муштариён маъзарат мехоҳем. Умедворем, ки ба наздикӣ иртиботи интернетӣ дубора барқарор гардад”.

Аз сӯйи дигар, мақомоти вилояти Бадахшон, ки қаблан эълом карда буданд, тайи се рӯз ба дархости сокинони эътирозгари шаҳри Хоруғ посух хоҳанд дод, гуфтаанд, ки пас аз рӯзи 16 ноябр ва баҳрабардорӣ аз турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар ин маврид тавзеҳоте ироа хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл корбарони тоҷик шикоят карда буданд, ки ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Ютюб ва Одноклассники дастрасӣ надоранд ва истифода аз Viber, What's App ва Telegram низ ба шиддат маҳдуд шудааст.

Коршиносон ин иқдоми хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистонро ба авзои шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон муртабит медонанд, ки ҳадаф ҷилавгирӣ аз интишори ахбор дар бораи ин мавзуъ мебошад.