Ноябр 15, 2018 16:32 Asia/Dushanbe
  •  Марги фоҷиабори кӯдаки шашсолаи тоҷик дар Маскав

Шомгоҳи 14 ноябр дар ғарби шаҳри тирезаи қабати шашуми бинои истиқоматӣ ба замин афтод ва ҷон дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, нашрияи русии “МК” навиштааст, ин ҳодисаи фоҷиабор дар кӯчаи Богданов дар ноҳияи Солнтсево дар ғарби шаҳри Маскав рух додааст.

Дар ин нашрия омадааст, иллати фоҷиаи мазкур кунҷковии кӯдак будааст ва аз назорати волидон дур монда ва болои тиреза  рафтааст.

Ба навиштаи сомонаи Ахбор, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав ба нашрияи русии “МК” гуфтаанд, ки хабари ин иттифоқ соати 17 рӯзи 14 ноябр ба онҳо расидааст.

МК” менависад: "Рӯзи 14 ноябр падари кӯдак ба кор рафт. Модараш машғули корҳои хона шудаааст ва кӯдак аз чашмҳо пинҳон болои тиреза баромадааст. Дар Тоҷикистон ин оила дар ҳавлӣ зиндагӣ мекардааст ва ба кӯдак нафаҳмондаанд, ки дар қабатҳои баланд чунин кор хатар дорад. Кӯдак дастаи тирезаро мекашад ва якбора сарозер шуда, ба замин афтодааст.”

Ба навиштаи нашрияи “МК”, волидони кӯдак баъди ин фоҷиа дар чунин як ҳолате қарор доштаанд, ки наметавонистанд чизе бигӯянд.