Боздошти раиси зиндони Хуҷанд
Файзуллоҷон Сафаров раиси зиндони шумораи 3-и шаҳри Хуҷанд панҷшанбешаб боздошт шуд.
Ба гузориши манобеи хабарии Тоҷикистон бар зидди Сафаров ба иттиҳоми шиканҷаи зиндониён, саҳлангорӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Имкони боз шудани парвандаи ҷиноӣ зидди чанд корманди зиндони шаҳри Хуҷанд низ вуҷуд дорад.
Шӯриш дар зиндони шумораи 3-и Хуҷанд шаби 7 ба 8 ноябр рух дод, ки бо саркӯби шадиди ин ҳодиса аз ҷониби неруҳои амниятии Тоҷикистон мувоҷеҳ шуд.
Тибқи оморҳои мухталиф дар моҷарои зиндони Хуҷанд ҳудуди 50 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.
Мақомоти расмии тоҷик то ҳанӯз тавзеҳоти комиле аз ҳодисаи хунини зиндони шумора 3-и шаҳри Хуҷанд ироа надодаанд.