Аҳамияти даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 17 Nov 2018 07:15:53 GMT )
Ноябр 17, 2018 12:15 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон

Мудири Пажӯҳишгоҳи масоили сиёсӣ ва иҷтимоии вобаста ба Фарҳангистони улуми Русия муътақид аст, ки коргарони муҳоҷири тоҷик бо ирсоли даромади молии худ ба кишварашон муҷиби коҳиши мизони фақр мешаванд ва дар рушди иқтисоди Русия низ саҳми арзишманде доранд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сергей Рязантсев гуфтааст, ки дар соли 2018 Тоҷикистон аз нигоҳи теъдоди коргарони фиристода ба Русия пас аз Ӯзбакистон дар ҷойгоҳи дувум қарор гирифт ва даромади ирсолии ин афрод ба кишварашон муҷиби ҳифзи суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар хонаводаҳои онон мегардад.

Ҳамчунин коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ки теъдоди онон байни 1 миллиону 500 ҳазор то 2 миллион нафар тахмин зада мешавад, бо тавлиди маҳсулот ва пардохти молиёт барои рушди иқтисоди Русия кумак мекунанд, ки ин заҳамоти онон набояд нодида гирифта шавад.

Аз суйи дигар, Русия бо корофаринӣ барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ заминаи ирсоли даромади молии онон ба кишварашонро фароҳам месозад, ки ба маънии ҳифзи суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи ин кишвар аст.

Ба гуфтаи Рязантвев, агар ин мизон даромади молии ирсолӣ аз Русия набуд, қатъан Тоҷикистон бо буҳронҳои афзоиши теъдоди бекорон, густариши фақр ва бурузи норизоятиҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ мешуд, ки авоқиби ба маротиб хатарноке дошт.

Ин мавзуъ дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Бонки марказии Русия дар шаш моҳи нахусти имсол коргарони муҳоҷири тоҷик як миллиарду 150 миллион доллар даромади худро ба Тоҷикистон мунтақил кардаанд, ки ин рақам 89 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи сол қабл аст.