Интиқоди “Хабарнигорони бидуни марз” аз баста шудани расонаҳо дар Тоҷикистон
(last modified 2018-11-18T05:26:20+00:00 )
Ноябр 18, 2018 10:26 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди “Хабарнигорони бидуни марз” аз баста шудани расонаҳо дар Тоҷикистон

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо интиқод аз баста шудани хабаргузориҳо ва сойтҳо дар Тоҷикистон ин иқдомро пайравӣ аз сонсури расонаҳои хабарӣ ба сабки кишвари Чин унвон кардааст.

Ба гузориш сомонаи “TopTJ”, дар баёнияи созмони “Хабарнигорони бидуни марз”(Reporters Without Borders) таъкид шудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бо маҳдуд кардани дастрасӣ ба хабаргузории “Азия плюс”, шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Одноклассники" “ВКонтакте" ва паёмрасонҳои “Вайбер”, “Ватсап” ва “Телеграмм” мӯҷиби эҷоди шоеоти мухталиф мешаванд ва корбаронро аз ҳаққи озодии дастрасӣ ба иттилоот маҳрум мекунанд.

Йоҳан Бир, мудири созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки бастани густурдаи сомонаҳо ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон ғайриқобили пазириш аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон низ мегӯяд, бастани хабаргузориҳо ва сойтҳо дар ин кишвар нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ин кишвар аст. Аммо Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон муддаӣ аст, ки дар мавориде барои таъмини амнияти миллии ин кишвар масдуд кардани расонаҳои хабарӣ ва паёмрасонҳо амри ногузир аст, зеро ҳеҷ мавзӯе муҳимтар аз амният нест.

Дар ҳамин ҳол, бештари корбарон муътақиданд, ки Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон ба далели авзои шаҳри Хоруғ иқдом ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо кардааст. Дар тобистони соли 2012 низ дар пайи кушта шудани раиси идораи амнияти миллии вилояти Бадахшон ва даргирӣ миёни нерӯҳои эъзомӣ аз Душанбе ва гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хоруғ Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон иртиботи интернетии вилояти Бадахшонро бо ҷаҳони хориҷ қатъ ва эълом карда буд, ки иллати ин иқдом бархурди тир ба симҳои хутути иртиботӣ будааст. Масъулон имрӯз низ муддаӣ ҳастанд, ки иллати баста шудани хабаргузориҳо ва сойтҳо дар ин кишвар фаннӣ аст.