Ноябр 18, 2018 20:56 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Мардум неруи барқро дуруст истифода кунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон асри 17 ноябр ба муносибати оғози кори чархаи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун аз мардуми кишвараш даъват кард, ки неруи барқро сарфакорона истифода кунанд.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки солҳои ахир талабот ба неруи барқ дар ҷаҳон ва минтақа афзоиш дошта ва ба назари аксари мутахассисон дар давлатҳои ҷаҳон, тақозо ба он то соли 2030 нисбат ба аввали қарни 21, чаҳор баробар афзоиш хоҳад дошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома афзуд, ки дар 27 соли соҳибистқлолии Тоҷикистон истифодаи неруи барқ дар кишвар 3,5 баробар бештар шуда ва ин дар соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 дарсади истифодаи дохилии неруи барқ ба сокинони кишвар муртабит аст.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хотир нишон кард, ки иқтисод ва мардуми кишвараш солҳои зиёд ба сабаби камбуди неруи барқ дар фасли сармо ранҷ мекашиданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки Неругоҳи барқи обии Роғун дар худкифоии энержии кишвар саҳми зиёде дорад.