Мутахассисони тоҷик аз хориҷ ба кишвар бармегарданд?
(last modified Mon, 19 Nov 2018 04:46:01 GMT )
Ноябр 19, 2018 09:46 Asia/Dushanbe
  • Мутахассисони тоҷик аз хориҷ ба кишвар бармегарданд?

Бар асоси гузориши Вазорати умури дохилии Русия, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ беш аз 16 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тобеияти ин кишварро дарёфт кардааст, ки наздик ба 13 дарсад аз теъдоди кулли афроде аст, ки имсол дорои ин мақом шудаанд.

Ба далели сиёсати бозгардондани мутахассисони узбакистонӣ аз хориҷ, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар дар пеш гирифтааст, ин мавзӯъ дар мавриди Тоҷикистон низ матраҳ аст.

Ба гузориши сомонаи “TopTJ”, баррасиҳо нишон медиҳад, ки аксари донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд, тарҷеҳ медиҳанд, ба Тоҷикистон барнагарданд ва танҳо теъдоди андаке барои кор дар кишварашон тамоюл нишон медиҳанд.

Тоҷикистон метавонад мутахассисони худро аз хориҷ ба кишвар баргардонад.

Русия аз миёни кишварҳое, ки теъдоди зиёди мутахассисони тоҷик ҳамроҳи хонаводаҳояшон дар он кишвар кору зиндагӣ мекунанд, муваффақ шудааст, то барои ҷазби ин афрод бо эътои тобеият ва шуғли муносиб онҳоро истихдом кунад. Аммо коршиносон ночиз будани мизони ҳуқуқ ва дастмузди моҳиёна дар Тоҷикистонро (130 доллар) аз ҷумлаи мавонеи умдаи бозгашти мутахассисони тоҷик ба кишварашон унвон мекунанд. Хайруллоҳ Мирсаидов, коршиноси тоҷик далели аслии фирори мағзҳо аз Тоҷикистонро набудани ҷой кори муносиб бо ҳуқуқи кофӣ медонад, ки дар хориҷ бидуни мушкил ин афродро истихдом мекунанд. Абдуллоҳ Давлатов, пизишки тоҷик дар Русия муътақид аст, ки раванди сиёсии феълӣ дар Тоҷикистон заминаи бозгардодани мутахассисони тоҷикро фароҳам намесозад, зеро фазои сиёсии ин кишвар барои анҷоми ислоҳоти бунёдин ва тағйири афкори давлатмардон ба манзури дарки зарурати ҷазби мутахассисони ҳирфаии тоҷикистонӣ аз хориҷ муносиб нест.