Эмомалӣ Раҳмон фармони интиқоли сокинони манотиқи кӯҳистонӣ ба водиҳоро имзо кард
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони интиқоли сокинони манотиқи камзамини кӯҳистонии ин кишвар ба водиҳоро имзо кард.
Ба гузориши Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар ин фармон таъкид кардааст, ки давоми 3 соли оянда бояд сокинони манотиқи камзамини кӯҳистонӣ ба водиҳои Тоҷикистон кӯч дода шаванд, то аз шароити зиндагии беҳтаре бархурдор гарданд.
Бар асоси ин фармон раисони вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои марказии Тоҷикистон муваззаф мешаванд, ки ҳамасола то рӯзи аввали моҳи ноябр маҳалли сукунати мардумро дар маконҳои нави зиндагии онон мушаххас карда ва рӯзи аввали моҳи марти ҳар сол раванди кӯчондани ононро оғоз кунанд.
Ҳамчунин ин афрод муваззаф шудаанд, ки дар ҳамоҳанагӣ бо Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон заминаи сохти таъсисоти зербиноии мавриди ниёз барои сукунати хонаводаҳои кӯч дода шуда дар манотиқи кӯҳистониро фароҳам созанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сафари худ ба вилояти Бадахшон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар посух ба дархости сокинони ин минтақаи кӯҳистонӣ барои ихтисоси замин гуфта буд, ки ба далели кам будани замини қобили кишт дар Бадахшон пешниҳод мешавад, ки довталабон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мунтақил шаванд.
Ба гуфтаи вай акнун дар ноҳияи Данғара 100 ҳазор гектар замини омода ба кишт вуҷуд дорад, ки бо оби мавриди ниёз низ тамин аст.
Гуфта мешавад ин 100 ҳазор гектар замин дар фосилаи 3 соат роҳ аз маркази ноҳияи Данғара қарор гирифта ва ниёз ба неруи кор дорад, ки мешавад бо сохти хона, дар минтақа сокин шуд ва аз замин низ барои бардошти маҳсулоти кишоварзӣ истифода кард.
Эмомалӣ Раҳмон ин пурсишро матраҳ карда буд, ки вақте мардум дар сурати ниёз барои зиндагӣ ба кишварҳои хориҷӣ мераванд, чӣ мушкил дорад, ки дар дохили Тоҷикистон аз минтақаи сарди Бадахшон ба ноҳияи Данғара барои сукунат бираванд ва заминҳои тозакиштшударо мавриди истифода қарор диҳанд?