Ноябр 21, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Оғози парвозҳои рӯзонаи ширкати “Тоҷик – Эйр” дар масири Душанбе -Хуҷанд

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” парвозҳои рӯзонаи худро аз Душанбе ба Хуҷанд оғоз кард.

Ба гузориши сомонаи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр”, Азиз Хайруллоев, сухангӯи ин ширкат эълом кардааст, ки парвозҳои ин масир ҳамарӯза барқарор хоҳад буд ва мусофирон метавонанд аз хадамоти ҳавопаймоии нави Bombardier CRJ – 200 истифода кунанд.

Ба гуфтаи вай, муддати парвоз дар ин масир 40 дақиқа ва баҳои билет барои ҳар мусофир 280 сомонӣ таъйин шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки ҳавопаймои нави Bombardier CRJ – 200 сохти кишвари Канада мебошад ва барои парвоз дар масирҳои кӯтоҳе ҳамонанди Душанбе ба Хуҷанд бисёр муносиб аст.

Сухангӯи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” гуфтааст, ки дар оянда қарор аст чаҳор адад аз ин ҳавопаймо, ки барои шароити кӯҳистонии Тоҷикистон ва парвоз дар масирҳои дохилии ин кишвар муносиб арзёбӣ шудааст, харидорӣ шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳазинаи сафар дар масири Душанбе - Хуҷанд аз роҳи заминӣ ва бо таксӣ барои ҳар мусофир ҳудуди 100 сомонӣ аст.

 

Барчасп