Ноябр 23, 2018 20:32 Asia/Dushanbe
  • Нахустин иттилоияи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯби зиндони Хуҷанд

Нахустин иттилоияи расмии мақомоти олии Тоҷикистон дар бораи ошӯби хунини зиндони Хуҷанд аз сӯи вазири умури хориҷаи ин кишвар содир шуд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ин иттилоияро Сироҷиддини Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон дирӯз дар нишасти Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар Брюссел эълом дошта ва шумори куштаҳои ошуб дар зиндони шумораи 3-и Хуҷандро 23 нафар эълом кардааст.

Ӯ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, дар ошӯби зиндони Хуҷанд 21 маҳбуси ошӯбгар "безарар” гардонда шуданд, ду зиндонбон кушта ва 5 корманди дигари маҳбаси рақами 3 маҷрӯҳ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин манобеи мустақили хабарӣ шумори куштаҳои ҳодисаи ёдшударо ҳудуди 50 нафар ва захмиҳоро беш аз 100 нафар эълом карда буданд.

Сироҷиддини Муҳриддин дар ташреҳи ҳодисаи шаби 7 ноябр дар зиндони Хуҷанд гуфт: Маъмурони зиндон дар аввал хостанд, ки онҳоро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо ба муқовимати худ идома дода, хостанд, аз маҳбас фирор намоянд. 15 нафар аз маҳбусони кушташуда аъзои гуруҳҳои ифротиву террористӣ, аз ҷумла 12 нафараш аз ҷангиёни собиқи ДОИШ, 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқчиёни маводи мухаддир буданд.

Суханони вазири хориҷаи Тоҷикистон дар бораи ошуби зиндони шумораи 3-и Хуҷанд дар ҳоле аст, ки пештар манобеи мустақили хабарӣ бадрафтории зиндонбононро омили ошӯб дар ин зиндон дониста буданд.

Ба ҳар ҳол мақомоти амниятии Тоҷикистон дар иртибот бо ошӯби ёдшуда 7 нафар аз масъулон, ба шумули он Файзуллоҷон Сафаров, раиси зиндони шумораи 3-и Хуҷандро боздошт карданд.