Ноябр 24, 2018 14:45 Asia/Dushanbe
  • 88 миллион евро кумаки молӣ барои такмили бозсозии нерӯгоҳи Қайроқум дар Тоҷикистон

Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо ва Сандуқи сабзи байналмилалии ҳимоят аз муҳити зист барои такмили раванди бозсозии нерӯгоҳи обии Қайроқум ва беҳбуди таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо барқ 88 миллион евро кумак хоҳанд кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо, ин маблағ барои такмили раванди бозсозии нерӯгоҳи обии барқи Қайроқум дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд, ки барқи 500 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақаро таъмин мекунад.

Нерӯгоҳи обии барқи Қайроқум 60 сол қабл барои таъмини барқи сокинони вилояти Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон бар рӯйи рӯдхонаи Сир сохта шудааст, ки бояд мавриди бозсозии таҷҳизотӣ қарор гирад.

Зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ 126 мегаватт аст, ки пас аз иваз шудани турбинаҳои он ин шохис ба 174 мегаватт хоҳад расид.

Чанд рӯз қабл Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар ба тааҳҳудоти худ аз ҳисоби захирасозии оби рӯдхонаи Сир дар садди нерӯгоҳи обии Қайроқум ва таъмини оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Ӯзбакистон ва Қазоқистон дар фаслҳои баҳор ва тобистон  дар қиболи ин ду кишвар амал кардааст.