Ноябр 27, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон аз амалкарди заифи баъзе вазоратҳо

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз амалкарди баъзе аз вазирон дар заминаи ҷазби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисоди ин кишвар интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ба ҷой ин ки вазирони Тоҷикистон ба дунболи сармоягузорони хориҷӣ бошанд, хориҷиҳо талош мекунанд, ки вазирони тоҷикро пайдо кунанд.

Вай афзудааст, ки дар баъзе мавридҳо ҳатто сармоягузорони хориҷӣ ба Душанбе омада ва муваффақ нашудаанд бо вазирони тоҷик дидор кунанд.

Зуҳуров аз ин ки масъулони вазоратҳо ба номаи тарафҳои хориҷӣ барои оғози ҳамкорӣ посух ҳам намедиҳанд, ибрози таассуф кардааст.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мӯътақид аст, ки қонуни ҷазби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисоди ин кишвар ба сармоягузорон имтиёзот ва осониҳои зиёде додааст, аммо вазирони тоҷик шароити иҷроӣ шудани ин қонуни муҳимро дар дохили кишвар фароҳам намесозанд.

Ба гуфтаи Зуҳуров тасҳилоти молиётӣ барои бахше аз тарҳҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳамасола дар Маҷлиси намояндагон тасвиб мешавад на ҳамеша муваффақ будааст.

Чунонки ба дархости ҳукумати Тоҷикистон имсол Маҷлиси намояндагон барои рушди бахши абрешим тасҳилоти молиётӣ дод, аммо натиҷа муваффақиятомез набуд. Агар дар соли 2017 дар Тоҷикистон 880 тон абрешим тавлид шуда бошад, имсол ин нишондод 140 тон коҳиш ёфт.

Раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин аз ин, ки имсол танҳо дар бахши саноати Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор нафар шуғли худро аз даст додаанд, ба шиддат интиқод кард.