Ноябр 28, 2018 11:31 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Бонки Миллии Тоҷикистон бо коҳиши суди вогузории қарзҳо ба бахши хусусӣ

Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон пешниҳоди коҳиши суди қарзҳо барои вогузорӣ ба бахши хусусиро напазируфт.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Рустам Қудратов, яке аз намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст, ки намояндагони маҷлис чанд роҳкор барои беҳбуди фазои фаъолияти бахши хусусӣ ироа карданд, ки муҳимтарини он коҳиши суди қарзҳои марбут ба фаъолони бахши хусусӣ буд, аммо раиси Бонки Миллӣ ин тарҳро рад кард.

Рустам Қудратов таъкид кардааст, ки пешниҳоди теъдоде аз намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон коҳиши суди қарзҳои вогузоршуда ба бахши хусусӣ аз 28, 5 дарсади феълӣ ба 16 то 18 дарсад буд.

Ин намояндаи маҷлиси Тоҷикистон муътақид аст, ки барои иҷрои барномаи роҳбурдии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бояд ҳар сол 100 ҳазор фурсати шуғлӣ дар ин кишвар эҷод шавад ва ҳазинаи иҷрои ин барнома низ бар дӯши бахши хусусӣ аст, аммо бо суди 28,5 дарсадии феълӣ барои бозпардохти қарзҳои марбут ба ин бахш, баид аст ин бахш битавонад аз ӯҳдаи иҷрои ин барнома барояд.

Бо ин ҳол, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон муддаӣ аст, ки 60 то 70 дарсади манобеи молии таҳти ихтиёри ин ниҳод 10 то 15 сол қабл бо суди боло дарёфт шудааст ва бонк наметавонад ба зиёни худ фаъолият кунад.

Вай мегӯяд, ки бахше аз ин манобеи молӣ бо суди 20 дарсадӣ дарёфт шудааст ва мо наметавонем акнун қарзҳои ихтисосёфта ба бахши хусусиро бо суди 16 то 18 дарсади бозпардохт бипазирем.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон суди 28,5 дарсади бозпардохти қарзҳои бонкиро камаршикан ва зиёновар унвон мекунанд.

Бар асоси гузориши Ожонси омори Тоҷикистон, дар соли 2017 ба далели варшикастагии молӣ, муҷаввизи фаъолияти ҳазору 810 ширкати мутааллиқ ба бахши хусусӣ дар ин кишвар бекор шудааст.

Дар 5 моҳи нахусти имсол низ 12 ҳазору 36 ширкати мутааллиқ ба бахши хусусӣ худро варшикаста эълом кардаанд.