Ноябр 29, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 223 миллион доллар дар буҷа барои идомаи сохти “Роғун”

Ҳукумати Тоҷикистон дар буҷаи соли 2019 –и хеш барои идомаи кори такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” 223 миллион доллар (муодили ду миллиарду 100 миллион сомонӣ) ихтисос хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷик ТА”, Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ниме аз маблағи пешбинишуда барои бахши сӯхт ва энержии ин кишвар дар буҷаи соли 2019 –и ҳукумат ба идомаи раванди такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” ихтисос хоҳад ёфт.

Зеро Ҳукумати Тоҷикистон дар буҷаи соли 2019 –и хеш ҳазинаи бахши сӯхт ва энержиро 435 миллион доллар (чаҳор миллиарду 100 миллион сомонӣ) муқаррар кардааст, ки ниме аз ин маблағ барои идомаи кори сохтусоз дар нерӯгоҳи обии “Роғун” харҷ хоҳад шуд.

Дар соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон қасд дошт барои таъмини маблағи бахши сӯхт ва энержии ин кишвар аз буҷа 371 миллион доллар (муодили се миллиарду 500 миллион сомонӣ) ҷудо кунад, аммо ба далели камбуди манобеи молӣ дар идомаи кори такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” бо ислоҳи бахши хароҷоти буҷаи давлат дар моҳи октябр 329 миллион доллар афзуда шуд.

Қарор аст ин маблағ аз ҳисоби фурӯши сангҳои гаронқимат ба даст ояд.

Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки турбинаи дувуми ин нерӯгоҳро моҳи апрели соли оянда ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Турбинаи нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон дар рӯзи 16 –уми ноябри имсол ба баҳрабардорӣ расид.

Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хоки 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқӣ - обии минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун”, ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегаватт барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад дошт.