Ноябр 30, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон «Радиои Озодӣ»-и Амрикоро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам кард

Як ниҳоди ҳукуматии Тоҷикистон  «Радиои Озодӣ»-и Амрикоро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ кард.

Хабаргузории расмии Тоҷикистон - Ховар бо нашри матлабе дар ин замина, раддияи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунташир кардааст.

Дар ин раддия чунин зикр шудааст: Хабарнигори  «Радиои Озодӣ» бо ҳеҷ кадом аз масъулони Вазорати дохилаи Тоҷикистон ҳамсӯҳбат нашуда ва омори мунташиркардаи ин радио бинобар ҷон бохтани 700 нафар ва захм бардоштани ду ҳазору 300 нафари дигар дар ҳодисаҳои ронандагӣ дар як соли охир дар Тоҷикистон нодуруст аст.

«Радиои Озодӣ» ахиран хабареро бо унвони "Чӣ хеле хостанд, ҳамон хел мошин меронанд" мунташир карда ва омори ёдшударо матраҳ намуд, ки инак мақомоти тоҷик онро рад мекунанд.

Ҳамзамон бо ин, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иттилоъ дода, ки дар тӯли 11 моҳи имсол дар Тоҷикистон як ҳазору ва 140 ҳодисаи ногувори ронандагӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки 347 нафар дар ин ҳаводис ҷони худро аз даст дода ва як ҳазору 195 нафар маҷрӯҳ шудаанд.