Декабр 03, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии духтари тоҷики боксор дар Тошканд

Ганҷина Аъзамова духтари тоҷики боксор дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар риштаи варзишии муайтай (бокси таиландӣ) дар шаҳри Тошканд медали тилло касб кард.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, ин аввалин пирӯзии Ганҷина дар арсаи байналмиллалӣ аст.

Ганҷина Аъзамова, ки дар синфи ёздаҳум таҳсил мекунад, зодаи рустои Каздони ноҳияи Айнӣ аст ва нахустин духтари муштзан аз ин минтақаи куҳистонӣ аст, ки пой ба майдонҳои байналмиллалӣ мегузорад.

Ин духтари тоҷик, ки хабари пирӯзиашро дар саҳифаи Инстаграмаш ба иштирок гузошт, аз устодаш барои омода кардани вай барои ин мусобиқа изҳори сипос карда ва бо ифтихор навиштааст, "ман шуморо сархам накардам".

Ганҷина Аъзамова духтари шоири тоҷик Фурузонфар аст ва аз хешовандони шоъири равоншод Махсум Олимӣ аст.

Вай ду соли ахир дар толори варзишии "Чарх"-и шаҳри Душанбе машқ мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ, падари вай ҳамеша изҳори умед мекардааст, ки духтараш ҳатман як рӯз парчамдори миллат мешавад ва инак бо нахустин пирӯзиаш дар арсаи байналмиллалӣ Ганчина орзӯи падарро ҷомаи амал пушондааст.