Тағйири раисони идораҳои пулиси 23 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39923-Тағйири_раисони_идораҳои_пулиси_23_шаҳру_ноҳияи_Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармонҳое раисони идораҳои пулиси 23 шаҳру ноҳияи ин кишварро мансуб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 04, 2018 06:10 Asia/Dushanbe
  • Тағйири раисони идораҳои пулиси 23 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармонҳое раисони идораҳои пулиси 23 шаҳру ноҳияи ин кишварро мансуб кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон раисони ҷадиди идораҳои пулиси шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Конибодом, Турсунзода, Хуҷанд, Ваҳдат, Норак ва ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Шаҳринав, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷ, Дӯстӣ, Кӯшониён, Деваштич, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, идораи пулиси фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва чанд ноҳияи пойтахтро мансуб кард. Байни ин афрод як нафар бо дараҷаи генерал, 13 тан бо дараҷаҳои сарҳанг ва 9 нафари дигар дорои дараҷаи сарҳанги дувум ҳастанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо раисони тозамансуби идораҳои пулиси шаҳрҳо ва ноҳияҳои ин кишвар бар зарурати муқобила бо фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ, гурӯҳҳои ҷиноии фаромитақаӣ ва қочоқчиёни маводи мухаддир таъкид кардааст.

Моҳи сентябри гузашта низ, бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, раисони ҷадиди идораҳои пулиси вилояти Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва теъдоде аз ноҳияҳои ин минтақа мансуб шуданд. Фаъолияти масъулони қаблии ин идораҳо мавриди интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд.