Декабр 04, 2018 11:10 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 126 миллион евро барои марҳалаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи “Қайроққум”

Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо барои марҳалаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум”-и Тоҷикистон кумаки молии 126-миллионевроӣ ихтисос хоҳад дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо, аз ин мизон маблағ 38 миллион евро қарзи Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо, 27 миллион евро қарзи баландмуддат бо баҳраи кам, 23 миллион евро кумаки бебозгашти Сандуқи Сабзи байналмилалии ҳимоят аз муҳитм зист ва 35 миллион евро қарзи Бонки Сармоягузории Аврупо хоҳад буд. Ин маблағ барои иваз кардани чаҳор турбинаи нерӯгоҳи барқи обии  “Қайроққум”, ки 60 сол қабл барои таъмини барқи сокинони вилояти Суғд ва захирасозии оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Узбакистону Қазоқистон дар фаслҳои баҳору тобистон рӯйи рӯдхонаи Сир сохта шудааст, ҳазина хоҳад шуд. Бо иҷрои ин барнома, ки дар соли 2024 ба поён мерасад, зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 126 мегаватти феълӣ ба 174 мегаватт хоҳад расид.

Дар раванди такмили бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” се ширкат аз Испания, Фаронса ва Швейдсария мушорикат хоҳанд кард.

Чанд рӯз қабл Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон гуфт, ин кишвар ба тааҳҳудоти обу энержии худ дар қиболи Узбакистон ва Қазоқистон аз ҳисоби захирасозии оби рӯдхонаи Сир дар садди нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум”-и вилояти Суғд амал кардааст.