Музокироти Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалӣ барои бозсозии нерӯгоҳҳои ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39961
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамзамон бо идомаи сохти нерӯгоҳи “Роғун”, музокиротеро бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои ҷазби кумаки молии ин муассисот ба манзури бозсозии таҷҳизоти дигар нерӯгоҳҳои ин кишвар оғоз кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 05, 2018 11:40 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Тоҷикистон бо ниҳодҳои байналмилалӣ барои бозсозии нерӯгоҳҳои ин кишвар

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамзамон бо идомаи сохти нерӯгоҳи “Роғун”, музокиротеро бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои ҷазби кумаки молии ин муассисот ба манзури бозсозии таҷҳизоти дигар нерӯгоҳҳои ин кишвар оғоз кардааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, тарҳи ҷомеи бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқӣ - обии ин кишвар, ки рӯйи рӯдхонаҳои Вахш ва Сир сохта мешавад, барои ҷазби қарзу вомҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ ироа шудааст.

Бо ҷазби кумакҳои моли ин ниҳодҳо, бозсозии таҷҳизоти бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ - обии Тоҷикистон мавсум ба “Норак” оғоз шудааст, ки ниёз ба 700 миллион доллар сармоя дорад.

Аз ин рӯ, барои марҳалаи нахусти бозсозии нерӯгоҳи “Норак” 350 миллион сомонӣ ихтисос ёфтааст. Ҳамчунин Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо барои марҳалаи дувуми бозсозии нерӯгоҳи обии “Қайроққум” дар шимоли Тоҷикистон 126 миллион евро ихтисос хоҳад дод.

Ин ниҳод барои марҳалаи нахусти бозсозии ин нерӯгоҳ 88 миллион евро кумаки молӣ ироа карда буд.

Бо иҷрои ин барнома, ки дар соли 2024 ба поён мерасад, зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ аз 126 мегаватти феълӣ ба 174 мегаватт хоҳад расид.

Бонки Рушди Осиё барои таъмини ҳазинаи бозсозии шаш турбинаи нерӯгоҳи барқӣ - обии “Сарбанд” 136 миллион доллар вом ихтисос додааст.

Ҳамчунин Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон тарҳи сохти чанд нерӯгоҳи обии ҷадидро рӯйи рӯдхонаҳои Вахш ва Зарафшон ба сармоягузорони хориҷӣ ироа кардааст.