Вазири фарҳанги Тунис тоҷикистонӣ аст
Декабр 05, 2018 13:10 Asia/Dushanbe
Вазири фарҳанги кишвари Тунис дар шимоли Африқо асолатан тоҷик аст.
Ин иддаоро як корбари тоҷики Фейсбук аз қавли Макрам Аддарвозӣ, яке аз сармоядорони тунисӣ матраҳ кардааст.
Макрам Аддарвозӣ, ки худ асолатан аҳли минтақаи Дарвози Тоҷикистон аст, мегӯяд, аз насаби дарвозиҳо хонаводаҳои зиёде дар Тунис зиндагӣ мекунанд, ки вазири фарҳанги ин кишвари арабӣ аз ҷумлаи инҳост.
Аҷдоди ин афрод 300 қабл аз минтақаи Дарвоз, дар қаламрави Тоҷикистони кунунӣ ба Африқо муҳоҷират кардаанд.
Макрам Аддарвозӣ тасмим дорад то қабл аз соли ҷадиди мелодӣ ба ватани аҷдодиаш Тоҷикистон сафар кунад.