Захоири нафту газ дар Тоҷикистон; аз рӯъё то воқеият
Мудири дафтари намояндагии ширкати “Газпром” – и Русия дар Тоҷикистон вуҷуди захоири саршори нафту газро дар ин кишвар рад кард.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Игор Шаталов гуфтааст, ки ба далели кӯҳистонӣ будани Тоҷикистон ва вуҷуди захоири нафту гази ин кишвар дар умқи замин, истихроҷи ин манобеи энержӣ коре сахт аст ва аз нигоҳи иқтисодӣ басарфа нест.
Вай таъкид кардааст, ки бар асоси охирин баррасиҳо, ҳаҷми кулли захоири шиносоишудаи нафту гази Тоҷикистон аз як миллиард тон бештар нест ва ширкати “Газпром” дар умқи 6 ҳазору 500 метрии қаъри замин, дар майдони газии Шаҳри Нав муваффақ нашуд ба манобеи қобили истихроҷи газ дастрасӣ пайдо кунад. Аз ин рӯ, вуҷуди захоири саршори нафту газ дар Тоҷикистон бештар таваҳҳум аст то воқеият.
Игор Шаталов афзуд, ширкати “Газпром” аз соли 2011 барои иктишофи газ дар чандин майдони газӣ дар маркази Тоҷикистон беш аз 80 миллион доллар ҳзина карда ва то ба ҳол ба манобеи қобили истихроҷ нарсидааст.
Вай гуфтааст, ҳамчунин талоши се ширкати нафтии канадаӣ, фаронсавӣ ва чинӣ дар майдони газии Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон аз сол 2008 барои истихроҷи газ натиҷа надода ва акнун ихтилофоти молии ин ширкатҳо ба Девони байналмилалӣ низ кашида шудааст.
Аз сӯйи дигар, Салмон Табаров, коршиноси умури нафту газ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин кишвар 7 майдони нафтии дорои нафти сангин вуҷуд дорад, ки барои тасфия (тоза кардан) - и он ниёз ба ҳазинаи изофӣ аст.
Ин дар ҳоле аст, ки ширкатҳои нафтии хориҷии дигар низ ба ин натиҷа расидаанд, ки ба далели набуди сарфаи иқтисодӣ барои иктишофи газ аз майдонҳои марказ ва ҷануби Тоҷикистон, бояд ба фикри лағви қарордод ва хуруҷ аз ин кишвар бошанд.