Покистон дар фасли зимистон метавонад ба Тоҷикистон барқ содир кунад
(last modified Sun, 09 Dec 2018 06:45:28 GMT )
Декабр 09, 2018 11:45 Asia/Dushanbe
  • Покистон дар фасли зимистон метавонад ба Тоҷикистон барқ содир кунад

Мудири Сандуқи рушди энержӣ дар Русия мӯътақид аст, ки Покистон метавонад дар фасли зимистон бо истифода аз тарҳи хатти КАСА 1000 ба Тоҷикистон барқ содир кунад.

Ба гузориши сайти Спутник, Сергей Пикин бо ишора ба дархости мақомоти энержии Покистон ба унвони харидори барқи Тоҷикистон дар тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон - КАСА 1000, ки хостори муовизаи барқ ва содироти он ба Тоҷикистон дар фасли зимистон шудаанд, мегӯяд, ки дар сурати пазириши ин пешниҳод, ду тараф пуле аз фурӯши барқ дарёфт нахоҳанд кард.

Чанд рӯз пештар мақомоти энержии Покистон эълом карда буданд, ки бояд дар матни тавофуқномаи сохти хатти КАСА 1000 банди ҷадиде изофа гардад, ки имкони муовизаи барқ бо Тоҷикистон дар фаслҳои баҳор, тобистон ва зимистонро фароҳам созад.

Пеш аз ин низ эълом шуда буд, ки дар чорчуби тарҳи КАСА 1000 Тоҷикистон ва Қирғизистон шаш моҳ аз сол метавонанд наздик ба панҷ миллиард киловатт соат барқ ба Афғонистон ва Покистон мунтақил кунанд, аммо акнун мақомоти Исломобод хостори изофа кардани банди муовизаи барқ бо Тоҷикистон дар ин тавофуқнома шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Покистон, онон мехоҳанд, ки дар фасли гармо аз Тоҷикистон як миллиард киловатт соат барқ ворид кунанд ва дар зимистон ба ҳамин андоза барқ ба Тоҷикистон мунтақил созанд.

Ба гуфтаи онон Покистон дар тобистон ба барқи изофӣ ниёз дорад ва дар зимистон баракс ба далели коҳиши масрафи барқ дар дохили ин кишвар метавонад барқи худро ба Тоҷикистон содир кунад.

Аммо Сергей Пикин мудири Сандуқи рушди энержӣ дар Русия таъкид мекунад, ки Покистон мехоҳад танҳо бо Тоҷикистон муовизаи барқ дар фаслҳои тобистон ва зимистон дошта бошад ва маблағе миёни ин ду кишвар ба унвони ҳазинаи барқ муомила нашавад.

Аз сӯи дигар ба далели 15 сол тул кашидани замони обгирии сади неругоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон, ин кишвар дар фасли сармо ҳамчунон бо камбуди барқ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ҳазина сохти ин тарҳи КАСА 1000, ки бино буд соли 2020 ба баҳрабардорӣ бирасад беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.

Гуфта мешавад, ки кори сохти таъсисоти зербиноии ин тарҳ дар қаламрави Тоҷикистон соли 2021 ба поён хоҳад расид.