Декабр 10, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи бозориён алайҳи раёсати ноҳияи Ҷаббор Расулов ғайри қонунӣ эълом шуд

Масъули умури ҳуқуқии раёсати ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ишора ба дархости ҷамъе аз бозориён барои баргузории таҷаммӯи эътирозӣ алайҳи раёсати ин ноҳия, ин таҷаммӯъро муғойр бо қавонини ҳуқуқии Тоҷикистон донист.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, дар пайи боздошти шуморе аз бозориёни бозори Марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба иллати барномарезӣ барои таҷаммӯъ, алайҳи раёсати ин ноҳия ва дархости муҷаввизи барпоии чунин таҷаммӯе аз раиси вилояти Суғд, Суръат Орифов, ҳуқуқдони раёсати ин ноҳия бо интишори номае таъкид кардааст, ки мавзӯи тахриби бозори қадимии ин минтақа ва норизоятии бозориён аз интиқол ба маркази тиҷории ҷадид дар додгоҳ дар ҳоли баррасӣ аст ва то эъломи ҳукми додгооҳ ҳар гуна таҷаммӯъ дар ин замина ғайри қонунӣ аст.

Вай муддаӣ шуд, ки мӯътаризон қасд доранд бо баргузории таҷаммӯъ, додгоҳро таҳти фишор қарор диҳанд ва бар раванди судури ҳукм таъсир бигузоранд.

Бозориёни ноҳияи Ҷаббор Расулов дар рӯзҳои ахир аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд хоста буданд, ки ба онҳо муҷаввиз бидиҳад дар эътироз ба худсриҳои Комил Сайидзода, раиси ин ноҳия дар бастани бозори марказии ин минтақа, се рӯз таҷамӯъ кунанд.

Дар пайи ин дархост, пулиси маҳаллӣ тарроҳони ин иқдомро боздошт кард.

Бар асоси қавонини Тоҷикистон баргузории таҷаммӯи эътирозӣ муҷоз, аммо гирифтани муҷаввиз барои ин иқдом амалан ғайримумкин аст.

Тарҳи чунин дархосте, бесобиқа буда ва дар ду даҳаи ахир ҳатто барои баргузори таҷаммӯоти маҳдуд низ муҷавизе содир нашудааст.