Декабр 11, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон

Дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафоратҳои Олмон, Амрико, Фаронса ва Англия дар Тоҷикистон аз идома ёфтани баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар баёнияи дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафоратҳои Олмон, Амрико, Фаронса ва Англия дар Тоҷикистон таъкид шудааст, ки масдуд шудани сомонаҳои хабаргузории “Азия плюс” ва паёмрасонҳои “Вайбер”, “Вотсап” ва “Телеграм” нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ин кишвар аст ва корбаронро аз ҳаққи озодии дастрасӣ ба иттилоот маҳрум мекунад. Дар ин баёния бар зарурати эҳтиром ба дидгоҳи шаҳрвандон, дастрасии онон ба сомонаҳои хабарӣ ва паёмрасонҳои “Вайбер”, “Вотсап” ва “Телеграм” ва ибрози ақида ба унвони ҳаққи озодии сухан, ки бахше аз тааҳҳудоти байналмилалии давлати Тоҷикистон мебошад, таъкид шудааст. Аз дидгоҳи дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва сафоратҳои Олмон, Амрико, Фаронса ва Англия дар Тоҷикистон, таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар бидуни дастрасии шаҳрвандонаш ба интернет, истифода аз сомонаҳои хабарӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардум, аз ҷумла озодии сухан ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ғайримумкин мебошад.

Мақомоти Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон далели баста шудани сомонаҳои хабарӣ дар ин кишварро тавзеҳ намедиҳанд. Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ҷудо аз Хадамоти давлатии иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон акнун теъдоде аз ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ҳам бо истифода аз таҷҳизоту фанновариҳои пешрафта сомонаҳои хабарӣ ва паёмрасонҳои иҷтимоиро масдуд мекунанд.