Декабр 13, 2018 14:29 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Туркманистон дар рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динӣ

Вазорати хориҷаи Амрико Тоҷикистон ва 9 кишвари дигарро ба далели саркӯби муназзам, доим ва шадиди озодиҳои динӣ ба рӯйхатти сиёҳи давлатҳои мавриди нигаронии хос шомил кард.

Ба гузориши Форс, Тоҷикистон инак соли сеюм аст, ки дар ин рӯйхатти сиёҳи Амрико шомил мешавад. Узбакистон имсол ин рӯйхатро тарк кард ва ҳамроҳи Русия ба рӯйхатти дуюми давлатҳои зери назорат даромад. Амрико ҳамчунин созмонҳои ифротие, чун ДИИШ, Толибон, Ал-Қоида, Боко Ҳарам, Аш-Шабоб ва Ҷабҳат-ун-Нусраро ба далели саркӯби озодии эътиқод ба рӯйхатти сиёҳи созмонҳои мавриди нигаронии хосаш шомил кардааст.

Майкл Помпео, вазири хориҷаи Амрико рӯзи 11 декабр тасмимаш дар мавриди рӯйхатҳои сиёҳи давлатҳо ва созмонҳои саркӯбгари озодиҳои диниро эълон кард.

Ин рӯйхатҳоро вазорати хориҷаи Амрико ҳар сол бар асоси гузориши солона ва тавсияҳои Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико (USCIRF)рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хосро тартиб медиҳад.