Тоҷикҳои машҳури ДИИШ таҳсилоти динӣ надоранд
(last modified Sun, 16 Dec 2018 09:10:47 GMT )
Декабр 16, 2018 14:10 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикҳои машҳури ДИИШ таҳсилоти динӣ надоранд

Коршиносон ноогоҳӣ ва камбуди иттилоот ва омӯзишҳои диниро аз муҳиммтарин далелҳои ҷазби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ медонанд.

Таҳлилгарон бар ин ақидаанд, беш аз он ки муассисаҳои омӯзишии расмӣ ҳамчун мадрасаҳо ва донишгоҳҳои исломӣ боиси ҷазби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ шаванд, ноогоҳӣ омили ин мавзӯъ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки парлумони Тоҷикистон бо ҳадафи коҳиши эҳтимолии ҷазби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ дар пайи тасвиби қонун барои муҷозоти волидайне аст, ки фарзандонашон дар хориҷ аз ин кишвар дар риштаҳои муртабит бо улуми динӣ таҳсил мекунанд.

Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи собиқи неруҳои вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки шояд маъруфтарин чеҳраи тоҷик дар гурӯҳи террористии ДИИШ бошад, дар ҳеҷ як аз ниҳодҳои омӯзишии динии хориҷ аз Тоҷикистон таҳсил накарда ва тамоми омӯзишҳои низомӣ ва маҳоратҳояшро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузаронда буд.

Аз ин даст намунаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз он ҷумла Тоҷиддин Назаров, маъруф ба Абуусомаи Норакӣ аст.

Вай низ дар ҳеҷ донишгоҳ ё мадрасаи исломӣ таҳсил накарда, бо ин ҳол тавонистааст аз тариқи интишори файлҳои савтӣ, паёмҳои видеоӣ ва низ иртиботҳои маҷозӣ шумори зиёде аз тоҷикҳоро ба ДИИШ ҷалб кунад.

Ҳамакнун беш аз 300 донишҷӯи тоҷик дар хориҷ аз ин кишвар ба таҳсил дар марказҳои динӣ машғуланд, ки ҳукумати Тоҷикистон онҳоро ғайриқонунӣ медонад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир ҳудуди 3500 донишҷӯ аз кишварҳои исломӣ ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд.

Ҳамчунин пеш аз ин ҳудуди 20 мадрасаи исломӣ барои омӯзишҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида буд, вале дар солҳои охир ва бо рӯйкардҳои ҷадиди давлати ин кишвар, тақрибан ҳамаи ин мадрасаҳо баста шуда ва танҳо як донишкадаи исломӣ боқӣ мондааст.