Декабр 17, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Таъмини назму амният дар вилояти Бадахшон

Ҳукумати вилояти Бадахшон эълом кард, ки дар пайи 3 моҳ фаъолияти Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар ин минтақа, акнун ҷойи ҳеҷ нигаронӣ нест.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомоти ҳукумати вилояти Бадахшон эълом кардаанд, ки дар пайи фаъолияти 3 моҳаи Ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар ин минтақа, ки ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар таъсис ёфта буд, акнун оромиши комил дар қаламрави ин вилоят ҳукмфармо шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли ҷорӣ дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон, ба вазири умури дохила ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ(КДАМ) як моҳ фурсат дода буд, то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд ва ба фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ва қочоқчиёни маводи мухаддир поён диҳанд.

Инак бо гузашти 3 моҳ аз оғози фаъолияти ин ситод дар вилояти Бадахшон бо халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, ба танзим даровардани ҳаракати васоили нақлиёти умумӣ ва мамнуияти ҳаракати худравҳои сиёҳшиша ва бидуни қади давлатӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази ин минтақа, фазои оромиши нисбӣ ҳоким шудааст. Аз ин рӯ, мақомоти вилояти Бадахшон таъкид кардаанд, ки вуҷуди посгоҳҳои бозрасӣ дар шаҳри Хоруғ ба нафъи мардум аст ва барчида нахоҳад шуд.

Қаблан теъдоде аз сокинони маркази вилояти Бадахшон тайи сафари ахири генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон аз фаъолияти ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ интиқод карда буданд.

Аммо мақомот мегӯянд, ки ин посгоҳҳо ба унвони зомини таъмини амнияти умумӣ ба фаъолияти хеш идома хоҳанд дод.