Маҷрӯҳ шудани ду тоҷик дар ҳодисаи фурӯ рехтани боми корхона дар Маскав
Декабр 18, 2018 14:32 Asia/Dushanbe
Ду тоҷик ба номҳои Муҳаммад Саъдуллоев ва Муҳаммадшариф Камолов дар ҳодисаи фурӯ рехтани боми корхонаи маҳсулоти оҳану бетон дар вилояти Маскав маҷрӯҳ шуданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, боми корхонаи маҳсулоти оҳану бетон дар шаҳри Дзержинскийи вилояти Маскав рӯзи 17 декабр фурӯ рехт, ки бар асари ин ҳодиса се нафар ҷон бохтанд ва 14 нафари дигар захмӣ шуданд. 6 нафар аз захмиҳо, ки ду нафарашон тоҷиканд, ба бемористон мунтақил шудаанд. Ҳарсе ҷонбохта номи словиянӣ доранд.
Бинобар иттилооти аввалия, рӯйи боми коргоҳро як қабат тол пӯшонда буданд, ки бом ин вазнро таҳаммул накарда, фурӯ рехтааст.