Декабр 18, 2018 18:08 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон поинтарин радаи тавсеаи иқтисодӣ дар Евразия

Дар охирин рутбабандии тавсеаи иқтисодии кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистон бо рутбаи 108 поинтарин радаро дар миёни кишварҳои Евразия ба худ ихтисос додааст.

Ба нақл аз Тасним, пойгоҳи иттилоърасонии гурӯҳи мушовираи Болтон эълом кард, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои минтақаи Евразия дар соли 2018 дар поинтарин радаи тавсеаи иқтисодӣ қарор гирифт ва кишвари Эстония бо рутбаи 25 ҷаҳонӣ беҳтарин ҷойгоҳро дар ин минтақа касб кардааст.

Ин радабандӣ нишон медиҳад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва кишварҳои аврупоии минтақаи Евразия, Осиёи Марказӣ бадтарин вазъиятро ба лиҳози тавсеаи иқтисодӣ дорост.  

Дар ин кишварҳо пас аз Тоҷикистон, ки поинтарин радаро касб кардааст, Узбакистон ва Қирғизистон низ рутбаҳои 101 ва 95 ҷаҳонро касб кардаанд, ки намоишгари шохисҳои номуносиби тавсеаи иқтисодӣ дар ин кишварҳост.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон тавонистааст бо касби рутбаи 57 ҷойгоҳи қобили қабулеро ҳатто болотар аз рутбаи 59 Русия ва 67 Украина касб кунад.