Декабр 20, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 10 миллион долларии Бонки осиёгии рушд барои пиряхҳои Тоҷикистон

Бонки осиёгии рушд (БОР) барои омӯзиши ҳолати пиряхҳо дар Тоҷикистон ба сифати грант 10 миллион доллар маблағ ҷудо мекунад.

Ба нақл аз сомонаи Tajweek, зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон вазири молияи Файзиддин Қаҳҳорзода дар ин робита изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии созишномаи моҳи октябр баимзорасида «Лоиҳаи миллии идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ» байни ҳукумати Тоҷикистон ва БОР, илова ба омӯзиши вазъи пиряхҳо ҷиҳати таҳкими имконоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ воситаҳо ҷудо мешаванд.

Ғайр аз ин, имрӯз вакилони мардумӣ аз Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ – маблағгузории иловагӣ» якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур дар маҳаллаи 104-уми шаҳри Душанбе барои обуҳавошиносони тоҷик бинои истиқоматии 11-ошёна сохта шуда, ҷиҳати огаҳкунии аҳолӣ аз хатари обхезиҳо таҷҳизоту техника харидорӣ мешавад.