Декабр 20, 2018 13:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон  

Дар соли 2018 ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 дарсад зиёд шудааст.

Ба нақл аз Ожонсии омори Тоҷикистон, аз аввали сол ҳаҷми тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 2,5 миллиард доллар расидааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 4,1 дарсад боло рафтааст.

Таъкид шудааст, ки дар соли 2018 рушди соҳаи растанипарварӣ 3,6 дарсад ё 261 миллион долларро ташкил медиҳад.

Рушди соҳаи чорводорӣ 5,4 дарсад (то 96,3 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2018 дар ҷуиҳурӣ 1,2 миллион тонн ғалладона, наздик ба 300 ҳазор тонна нахи пахта ва беш аз 954 ҳазор тонна картошка ҷаъмоварӣ шудааст.