Тасвиби паймони ҳамкории стратегӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40332-Тасвиби_паймони_ҳамкории_стратегӣ_байни_Узбакистон_ва_Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Узбакистон паймони ҳамкории стратегӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро имзо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 20, 2018 14:10 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби паймони ҳамкории стратегӣ байни Узбакистон ва Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Узбакистон паймони ҳамкории стратегӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро имзо кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзёев дирӯз чаҳоршанбе муоҳидаи ҳамкории стратегӣ бо Тоҷикистон, ки шомили усул ва аввлавиятҳои равобити дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳавзаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, муҳити зист, низомӣ ва фанниро имзо кард.

Дар ҳамин робита Алишер Курманов, раиси Маҷслиси сенат (палатаи болоӣ)-и Узбакистон дар умури масоили байналмилалӣ, тасвиби ин санадро баёнгари сиёсати хориҷии мутамаркиз бар тақвияти бештари ҳусни ҳамҷворӣ ва дӯстии Тошканд хонд.

Тафоҳумномаи аввалияи муоҳидаи ҳамкории стратегӣ байни Душанбе ва Тошканд дар таърихи 17 августи 2018 дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон миёни ду кишвар ба имзо расида буд.