Декабр 21, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти омилони ошуб дар зиндони Хуҷанд

Дар идомаи раванди таҳқиқ ва баррасӣ дар бораи ошуби хунин зиндони шаҳри Хуҷанд, шуморе аз омилони ин ошуб, аз ҷумла 9 нафар аз зиндониён муҷозот шуданд.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, ҳукми муҷозоти ҳадди ақал 9 нафар аз зиндониёни муттаҳам ба даст доштан дар ошуби шаби ҳаштуми ноябр дар зиндони Хуҷанд бо интиқоли онҳо ба боздоштгоҳи муваққати Хуҷанд қироат ва иҷро шуд.

Омилони ин ошуб ба 3 то 6 моҳи ҳабс дар ҳуҷраҳои инфиродӣ ва дорои шароити сахт маҳкум шудаанд.

Ошуб дар зиндони Хуҷанд сабаби кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз зиндонбонон ва зиндониён шуд.

Манобеи расмии Тоҷикистон шумори куштаҳоро 23 нафар эълом карданд.

Аммо манобеи мустақил шумори куштаҳои ин ҳодисаро наздик ба 50 тан ва захмиҳоро беш аз 100 нафар медонанд.

Дар пайи  ин ҳодиса шуморе аз мақомоти масъули умури зиндонҳои Тоҷикистон барканор ё боздошт шуданд.