Декабр 22, 2018 12:45 Asia/Dushanbe
  • Рекорди нави тавлиди семент дар Тоҷикистон

Тоҷикистон бо тавлиди 3 миллиону 500 ҳазор тон семент тайи 11 моҳи соли равон, дар ин маврид рекорди нав бар ҷой гузошт.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон, тавлиди 3 миллиону 500 ҳазор тон семент тайи 11 моҳи имсол, дар таърихи ин кишвар дастоварди муҳиме ба ҳисоб меояд, ки барои бори нахуст сабт шудааст. Зеро дар соли 2017 барои бори нахуст дар Тоҷикистон 3 миллиону 100 ҳазор тон аз ин маҳсули муҳими сохтмонӣ тавлид шуда буд.

Гуфта мешавад, ки тайи 11 моҳи соли ҷорӣ 1 миллиону 100 ҳазор тон семент аз Тоҷикистон ба хориҷ содир шудааст.

Дар ин муддат сементи Тоҷикистон асосан ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Узбакистон 738 ҳазор тон, ба Афғонистон 431 ҳазор тон ва ба Қирғизистон 85 ҳазор тон семент содир шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 13 корхонаи семент бо зарфияти арзаи солона 5 миллион тон аз ин маҳсули муҳими сохтмонӣ фаъолият мекунад, ки тавлиди онҳо ба тақозо дар бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷ бастагӣ дорад.