Декабр 23, 2018 11:16 Asia/Dushanbe
  • Каримҷон Ёров барандаи ҷоизаи беҳтарин мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир шуд

Ҷоизаи беҳтарин мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ба Каримҷон Ёров мудофеи тоҷикистонии ҳуқуқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия эҳдо шуд.

Ба гузориши сомона TajWeek.tj, дар маросиме дар шаҳри Душанбе Каримҷон Ёров ба унвони беҳтарин мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия муаррифӣ ва ҷоизаи вижае низ ба вай эҳдо шуд.

Каримҷон Ёров шояд танҳо мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бошад, ки ройгон аз манофеи ин афрод дифоъ мекунад.

Гуфта мешавад, ки бо талошҳои Каримҷон Ёров дар Русия садҳо нафар аз афроде, ки бидуни иттиҳом боздошт шудаанд, озод шуда ва теъдоди зиёде низ маош ва дастмуздҳои пардохтнашудаи худро дарёфт кардаанд.

Вай бо роҳандозии сафҳаи вижае дар шабакаи Фейсбук таҳти унвони "Мо тоҷикон" барои ироаи мушовираи ҳуқуқӣ ва кумак ба ҳалли мушкилоти коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, узбакистонӣ ва қирғизистонӣ дар Русия дар пешгирӣ аз нақзи ҳуқуқи бисёре аз коргарон иқдомоти муассире анҷом додааст.

Каримҷон Ёров яке аз коршиносони фаъоли радиои тоҷикии Садои Хуросон низ ҳаст, ки барои инъикоси таҳаввулоти марбут ба ду миллион коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо ин радио ҳамкорӣ мекунад.