Декабр 25, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар миёни 9 кишвари аввали дорои болотарин мизони молиёт дар ҷаҳон

Дар раддабандии “Paying taxes-2019”, ки ширкати байналмилалии “Price Water House Coopers” бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ анҷом додааст, Тоҷикистон дар миёни 9 кишвари аввали ҷаҳон аз нигоҳи мизони болои молиёти пардохтӣ қарор гирифтааст.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар тозатарин раддабандии ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо мизон 67,3 дарсад молиёти пардохтӣ дар миёни 9 кишвари аввали ҷаҳон ва болотар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ воқеъ шудааст. Ин раддабанди шомили 190 кишвари ҷаҳон мешавад ва тайи 14 соли ахир ин ширкат бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ ин гузоришро таҳия ва мунташир мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ин шохис дар Қирғизистон 29 дарсад, дар Қазоқистон 29,4 дарсад, Узбакистон 32,1 дарсад ва Русия 46,3 дарсад аст, аммо Тоҷикистон дар радифи кишварҳои Аргентина, Эритрея, Боливия , Афғонистон, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Гамбия қарор гирифтааст, ки мизони молиёти пардохтӣ аз 71 то 100 дарсад эълом шудааст.

 Бар асоси ин раддабандӣ, корхонаҳо ва марокизи тавлидӣ дар Тоҷикистон барои ироаи гузориши амалкарди молиётии хеш дар сол 224 соат вақт сарф мекунанд, ки анвои умдаи молиёт дар ин кишвар 6 номгӯй мебошад.

Солҳои зиёдест, ки фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон мизони болои молиёт дар ин кишварро монеи умда дар роҳи рушди иқтисоди ин ҷумҳурӣ унвон мекунанд.