Декабр 26, 2018 09:49 Asia/Dushanbe
  • Даромади беш аз 74 миллиондолларии Тоҷикистон аз содироти барқ

Тайи 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба хориҷ 74 миллиону 200 ҳазор доллар даромади молӣ касб кардааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22 миллиону 300 ҳазор доллар бештар будааст.

Бар асоси ин гузориш, Узбакистон аз умдатарин харидорони барқи Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Аз моҳи апрели имсол то авохири сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон беш аз як миллиарду 300 миллион киловатт соат барқ содир шудааст.

Бинобар тавофуқи дуҷониба, Тоҷикистон мутааҳҳид шудааст, ки имсол ба Узбакистон як миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ содир кунад.

Қимати ҳар киловатт соат барқи содиротии Тоҷикистон ба Узбакистон ду сент эълом шудааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки аз аввали имсол Тоҷикистон ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон беш аз дувуним миллиард киловатт соат барқ ба арзиши 74 миллиону 200 ҳазор доллар содир кардааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 50 дарсад бештар аст.

Ҳамчунин бар асоси эъломи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар 17 миллиарду 800 ҳазор киловатт соат барқ тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 10 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Беш аз 16 миллиард киловатт соат барқи тавлидшуда дар ин кишварро нерӯгоҳҳои барқӣ - обӣ ба худ ихтисос додаанд.