Декабр 26, 2018 14:42 Asia/Dushanbe
  •  Нукоти муҳими паёми солонаи Раҳмон ба Парлумони Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи хеш дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони ин кишвар дар шаҳри Душанбе, ки ба таври мустақим аз тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш шуд, бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2018, вазоифи ҳукуматро барои соли 2019 мушаххас кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз Дафтари матбуоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардҳои муҳими соли 2018 - ро баҳра бардорӣ аз нахустин турбинаи нерӯгоҳи обии “Роғун” унвон кардааст.

Вай бо ёдоварӣ аз буҳрони шадиди камбуди барқ дар Тоҷикстон дар 2 соли қабл гуфтааст, ки дар фасли сармо 80 дарсади кишвар бо маҳдудияти барқ рӯбарӯ мешуд, аммо акнун ин мушкил рафъ шудааст.

Вай пазириши пешниҳоди Тоҷикистон аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи эъломи Даҳсолаи об барои рушди пойдор тайи солҳои 2018 то 2028 аз дигар дастовардҳои соли ҷорӣ унвон кард.

Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон имзои чандин созишномаи муҳим дар заминаи беҳбуди равобит бо Узбакистон аз дигар дастовардҳои Тоҷикистон дар соли 2018 аст.

Вай пешниҳод кардааст, солҳои 2019 то 2021 дар Тоҷикистон солҳои рушди манотиқи рустоӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом шавад.

Ҳамчунин ба гуфтаи Раҳмон, дар соли 2019 дар Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва ҳимоят аз фаъолияти бахши хусусӣ амалӣ шавад.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар соли 2018 дар Тоҷикистон барои 150 ҳазор нафар иштғолзоӣ шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин паём ҳамчунин бар зарурати густариши равобити кишвараш бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа таъкид кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп