Декабр 27, 2018 11:24 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси чаҳор миллиард сомонӣ барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун дар соли 2019

Ҳукумати Тоҷикистон дар 2019 барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун 4 миллиард сомонӣ (муодили 430 миллион доллар) ихтисос хоҳад дод.

Ҳукумати Тоҷикистон дар 2019 барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун 4 миллиард сомонӣ (муодили 430 миллион доллар) ихтисос хоҳад дод.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи хеш дар Нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон дар шаҳри Душанбе баён кард.  

Раҳмон гуфтааст, ки бо ин мизони сармоягузорӣ дар идомаи сохти Роғун дар 2019 заминаи ба баҳрабардорӣ расондани турбинаи дувуми он фароҳам хоҳад шуд.

Дар 2018, ки нахустин турбинаи ин нерӯгоҳ ба баҳрабардорӣ расид, барои такмили сохти ин тарҳ, се миллиарду 900 миллион сомонӣ ҳазина шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон муътақид аст, ки бо сохти Роғун на танҳо заминаи содироти барқи бештар ба хориҷ фароҳам хоҳад шуд, балки аз вуруди гил ва лой ба сарбанди нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак ҷилавгирӣ мешавад ва умри ин нерӯгоҳ низ меафзояд.

Вай таъкид кардааст, ки ҳамзамон бо идомаи сохти Роғун бозсозии таҷҳизоти теъдоде дигар аз нерӯгоҳҳои ин кишвар низ пайгирӣ хоҳад шуд.