Декабр 29, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Идомаи кумакҳои Маркази хайриявии Малик Салмон ба Тоҷикистон

Маркази кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон, подшоҳи Саудӣ илова бар имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон(КҲФ), шуморе таҷҳизот ба ин марказ эҳдо кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ гуфтааст, ки ин кумакҳо шомили булдозер, таҷҳизоти ковишгарӣ, васоили нақлияи имдод ва наҷот, як мошини боркаши сангин бо зарфияти 40 тон ва як василаи нақлияи ҷодаӣ аст.

Илова бар ин, Маркази кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон қарор аст, як бели механикӣ низ барои Ожонси обёрӣ ва эҳёи замини давлати Тоҷикистон харидорӣ кунад.

Аҳмад Ал Байз, дастёри сарпарасти Маркази Малик Салмон гуфтааст, ки ин марказ ҳамчунон ба кумакҳои худ ба Тоҷикистон идома хоҳад дод.

Дар солҳои ахир ва бо тавсеаи равобити Душанбе бо Риёз, илова бар ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ, мақомоти Саудӣ имтиёзҳои дигареро дар соири ҳавзаҳо ба давлати Тоҷикистон ироа кардаанд.

Чанде пеш Абдуллоҳ ар Робеҳ, нозири умумии Маркази кумак ва имдодрасонии Малик Салмон гуфта буд, ки Тоҷикистон дуввумин кишвари дарёфткунандаи кумакҳои нақдӣ ва ғайрнақдии ин марказ аст.