Декабр 31, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Тасмимгирӣ дар бораи форсисозии дараҷаҳои низомӣ аз ихтиёроти Ҳукумати Тоҷикистон аст

Забоншинос ва узви коргурӯҳи Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мӯътақид аст, тасмимгирӣ дар бораи форсисозии дараҷаҳои низомӣ аз ихтиёроти ҳукумати ин кишвар аст ва Вазорати дифои ин ҷумҳурӣ наметавонад дар ин маврид ҳарфи ниҳоиро бизанад.

Умеди Ҷайҳонӣ дар саҳфааш дар шабакаи Фейсбук, дар вокуниш ба радди тарҳи ироа шуда аз сӯи Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мавриди форсисозии дараҷаи нерӯҳои низомӣ ба ҷои номҳои русӣ аз ҷониби Вазорати дифои ин кишвар навиштааст, ки тасмимгирӣ дар ин маврид аз ихтиёроти ҳукумат аст ва як вазоратхонаи ҷудогона чунин салоҳиятеро надорад.

Вай таъкид кардааст, ки тасмими ниҳоӣ дар бораи пазириш ё радди ин тарҳ, бар асоси мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони ин кишвар гирифта хоҳад шуд ва на Вазорати дифои ин ҷумҳурӣ, ки ниҳоди ҷудогона аст ва ҳаққи таъйини таклиф дар ин мавридро надорад.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Вазорати дифои Тоҷикистон тарҳи ироа шуда аз сӯи Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти ин кишварро дар мавриди форсисозии дараҷаи нерӯҳои низомӣ ба ҷои номҳои русӣ рад кард.

Абдурраҳим Зулфониён корманди аршади ва истилоҳоти ин кишвар гуфтааст, ки Вазорати дифоъ бо ирсоли номае ба Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар ин замина зарурате вуҷуд надорад ва манобеи молии кофӣ барои ин иқдом дар ихтиёр нест.

Ба гуфтаи Зулфониён, Вазорати дифои Тоҷикистон муддаӣ аст, ки теъдоде аз ин вожаҳо истилоҳоти байналмилалӣ аст ва тарҷумаи ин рутбаҳо лузуме надорад.

Ду моҳ қабл Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба вазорати дифои ин кишвар тарҳи форсиисозии рутбаҳои неруҳои низомиро ирсол кард.

Иддае аз низомиён ва коршиносон муддаианд, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил набояд аз номҳои русӣ барои рутбаҳои неруҳои низомӣ истифода кунад.

Истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти забони русӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле идома дорад, ки дар ин кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ, вожаҳое назири артш, сипоҳ, лашкар, ҳанг, гурдон, вашт, таҳм, гурӯҳ ва рада вуҷуд дорад, ки ба осонӣ метавонанд ҷойгузини вожаҳои низомии русӣ шаванд.

 

Барчасп