Январ 04, 2019 17:20 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти Файзинисо Воҳидова - ҳомии ҳуқуқи шинохтаи тоҷик

Файзинисо Воҳидова, яке аз шинохтатарин адвокатҳои тоҷик шаби 4 январ дар синни 55 аз олам чашм пӯшид.

Таҳмина Раҳимова, адвокат ва келини Файзинисо Воҳидова гуфт, ки ӯ соати дуи шаб дар бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вафот кардааст. Файзинисо Воҳидова ду ҳафта қабл бо бемории шамолхӯрдагӣ ба бемористон афтод, вале шаби 24 декабр, ки зодрӯзаш ҳам буд, якбора аҳволаш бад шуд ва ба ҳолати кома афтод.

Ҷанозаи Файзинисо Воҳидоваро рӯзи 4 январ, соати 13 баъди намози ҷумъа дар қабристони Гунбази зодгоҳаш – ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров ба хок супурданд.

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ даргузашти Файзинисо Воҳидоваро як талафоти бузург барои ҷунбиши ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мешуморанд.

Файзинисо Воҳидова соли 1963 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омада, соли 1986 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Аз соли 1995 ҳамчун адвокат фаъолият дошт ва дар пурсарусадотарин парвандаҳо иштирок кардааст.

Global Voices дар соли 2016 Файзинисо Воҳидоваро яке аз шаш зани фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда буд.