Дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шуд
Тайи ду рӯзи ахир дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маҳдуд шуд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернет дар Тоҷикистон бо таъйиди хабари маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо эълом кардаанд, ки ин мавзуъ ба онон бастагӣ надорад ва бояд Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин маврид тавзеҳ диҳад.
Ба гуфтаи корбарон, акнун онон ба шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Ютюб ва Одноклассники дастрасӣ надоранд ва истфода аз Viber, Instagram, What's App ва Telegram низ ба шиддат маҳдуд шудааст. Аммо то замони интишори ин хабар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон иллати маҳдуд шудани дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро тавзеҳ надодааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси радабандии ширкати байналмилалии Speedtest Global Index дар соли 2018 суръати интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон пойинтарин дар ҷаҳон арзёбӣ шудааст.
Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети телефони ҳамроҳ аз миёни 124 кишвар дар ҷойгоҳи охир ва пойинтар аз Афғонистон қарор гирифтааст.
Дар ин гузориш таъкид мешавад, ки суръати интернети телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон 4,97 садуми мегабайт дар сония аст, ки ин шохис дар миёнгини ҷаҳонӣ 23 даҳуми мегабайт дар сония ва болотарин низ 68 мегабайт дар сония мебошад.
- Матолиби муртабит:
- Маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон
-
Таъкиди Аврупо бар озодии фаъолияти сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон