Январ 05, 2019 13:13 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани як марзбони тоҷик дар марзи Афғонистон

Як марзбони тоҷик дар даргирии мусаллаҳона бо қочоқчиёни афғони маводи мухаддир дар марзи ду кишвар кушта шуд.

Ба гузориши Франс Пресс, ба нақл аз манобеи амнияти Тоҷикистон, ин даргирӣ, ки дирӯз (ҷумъа) анҷом шуд, ҳудуди 15 кило маводи мухаддир ва як мусалсал аз қочоқчиёни афғон кашфу мусодира шуд.

Тоҷикистон 1340 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва яке аз масирҳои аслии транзити маводи мухаддир аз Афғонистон ба сӯйи Русия ва кишварҳои Аврупо ба ҳисоб меояд.

Дар моҳи декабри соли 2017 низ як марзбони тоҷик ва се қочоқчии маводи мухаддир дар даргирӣ бо якдигар кушта шуданд.

Афғонистон яке аз марокизи аслии тавлиди маводи мухаддири ҷаҳон аст.

Амрико ва Британия дар 18 соли гузашта бо ҳузури низомии худ дар Афғонистон нақши ошкоре дар афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар доранд.

 

Барчасп